Шаби шанбе ҷаласаи изтирории Шӯрои Амнияти СММ, ки ба баррасии вазъи минтақаи Ғазза бахшида шуда буд, бидуни мувофиқати ҷонибҳо ба анҷом расид. Сафири Фаронса дар СММ Жан-Морис Рипер, ки раҳбарии ҷаласаро бар дӯш дошт, мегӯяд, аъзои Шӯрои Анмият дар масъалаи матни изҳорот, ки мебоист ҷонибҳои даргирро ба оташбаси фаврӣ даъват намояд, мухолифат доштанд.