Нерӯҳои Шри Лонко пойтахти ҷудоихоҳонро гирифтанд

Ҳукумати Шри Лонко мегӯяд, нерӯҳояш пас аз чандин моҳи даргириҳо пойтахти ҷудохоҳони тамилро ишғол кардаанд. Президенти Шри Лонко, Маҳинда Роҷапакша дар як паёми телевизионӣ аз ишғоли шудани пойтахти ҷумбиши палангҳои тамил шаҳри Килиноччӣ хабар дод. Аммо лаҳзаҳое пас аз ин эъломия бомбагузори худкуши тамил дар назди ситоди нерӯҳои ҳавоии Шри Лонко худро мунфаҷир кард ва ду нафарро ба ҳалокат расонд. Ҷудоихоҳон аз соли 1983 ба ин сӯ барои истиқлолияти ватани худ -- як ҷазирае дар шимолу шарқи Уқёнуси Ҳинд мубориза мекунанд. Оташбаси шашсолаи байни онҳо соли гузашта ба поён расида буд.