Исроил ба амалиёти тулонӣ дар Ғаза омода аст

Исроил эълом дошт, ки ба амалиёти низомии тулонӣ дар навори Ғаза ба хотири қатъи ҳамлаҳои мушакии "ҲАМОС" ба ҷануби кишвар омода аст. Матан Вилнай, муовини вазири дифоъи Исроил гуфт, ки кишвараш метавонад ин амалиётро ҳафтаҳо идома диҳад.

Субҳи имрӯз бар асари ҳамлаи нави ҳавопаймоҳои низомии Исроил ба навори Ғаза 10 фаластинӣ кушта шуданд. Ба иттилоъи вазорати ҳифзи сиҳати Фаластин, аз оғози амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳи "ҲАМОС" беш аз 350 фаластинӣ ба ҳалокат расида садҳо нафар ҷароҳат бардоштаанд. СММ хабар дод, ки дасти кам 62 тан аз кушташудагон сокинони осоиштаанд.

Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, шабонарӯзи гузашта мусаллаҳони "ҲАМОС" ба манотиқи ҷанубии Исроил беш аз сад мушак андохтанд. Панҷ исроилӣ, аз ҷумла, як низомӣ кушта шуданд, 8 нафар захм бардоштанд. Айни ҳол Исроил нерӯҳои низомӣ ва танку зиреҳпӯшҳояшро дар марзи навори Ғаза омодаи ҷанг кардааст.

Имрӯз Комиссиюни Аврупо аз Исроилу "ҲАМОС" хост, ки ҳарчӣ зудтар ба хушунат хотима гузоранд. Комиссиюни Аврупо ҳамчунин даъват кард, ки барои интиқоли кумаки башарӣ ба мардуми осоиштаи Ғаза “долони амниятӣ” боз шавад.Аз ин пеш Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ аз раҳбарони олам даъват карда буд, ки бо истифода аз нуфузи худ ба хатми хушунат миёни Исроил ва гурӯҳи ҲАМОС мусоидат кунанд.