Шурои раёсати ҷумҳурии Ироқ ҳузури нируҳои хориҷиро дар Ироқ барои соли 2009 ба тасвиб расонд. Ба ин шуро Ҷалоли Талабонӣ-раиси ҷумҳур ва ду муовини вай дохил мешаванд. Қаблан намояндагни порламони Ироқ низ ба ҷонибдорӣ аз ин санад рай дода буданд. Муҳлати эътибори қатъномаи Шурои Амнияти СММ дар бораи ҳузури нируҳои ғайриамрикоӣ дар Ироқ дар охири моҳи декабр ба поён мерасад. То ҳол нируҳои Бритониё, Остролиё, Румонӣ, Эстонӣ ва НАТО дар Ироқ мунтазири қонунӣ шудани ҳузури худ дар ин кишвар будад. Амрико бо Ироқ дар бораи ҳузури нируҳояш қарордод имзо кард.