Дар Қундуз 70 барномаи рушд иҷро шудааст

Мақомоти маҳалии вилояти Қундузи Афғонистон мегуянд, дар ин минтақаи дурафтода дар давоми соли ҷорӣ 70 барномаи рушд иҷро шудааст. Аз ин барномаҳо 15 ҳазор нафар деҳнишинон баҳраманд шудаанд. Дар чаҳорчубаи барномаҳои рушд роҳҳои нав ва пулҳои нав сохта шуд. Марказҳои иҷтимоъӣ бунёд ёфт ва корхонаи тавлиди барқи офтобӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин барномаҳоро ҳукумати Афғонистон ва созмонҳои байналмилалии кумакрасон сармоягузорӣ карданд.