Юриши Исроил ба зидди таъсисоти Ҳамос

Нерӯҳои ҳавоии Исроил имрӯз як амалиётеро ба зидди таъсисоти созмони Ҳамос дар Навори Ғазза шурӯъ кардаанд. Ҳавопаймоҳои он кишвар ҳамзамон ба 30 таъсисоти гуногун дар шаҳри Ғазза ҳамла бурдаанд. Ба гуфтаи мақомоти амниятии Ғазза, дар ин юриш дасти кам 30 фаластинӣ ҳалок шудаанд.