БРО нерӯгоҳи Норакро бозсозӣ мекунад

Шурӯъ аз соли оянда бозсозии комили нерӯгоҳи Норак бо кумаки Бонки рушди Осиё (БРО) шурӯъ мешавад. Ба иттилоъи ширкати “Барқи тоҷик”, имрӯз миёни ҳукумати Тоҷикистон ва БРО созише имзо шуд, ки тибқи он Бонки рушди Осиё барои татбиқи тарҳи бозсозии ин нерӯгоҳ 54, 7 миллион доллар тахсис медиҳад. Татбиқи тарҳ панҷ сол идома хоҳад кард.

Намояндаи БРО дар Тоҷикистон Макото Оҷиро дар маросими имзои созишнома гуфтааст, ки “татбиқи тарҳи бозсозии нерӯгоҳи Норак интиқоли муттасили барқ барои рушди иқтисодии Тоҷикистонро таъмин карда, хатари тахриби ин нерӯгоҳро комилан аз байн мебарад”.