Сафорати Амрико дар Ишқобод бастаи хокае гирифтааст

Сафоратхонаи Амрико дар Ишқобод-пойтахти Туркманистон баъд аз гирифтани бастаи дорои хокаи сафеди шубҳаовар ба ҳолати омодагӣ даромадааст. Сафоратхонаи Амрико гуфтааст, баъд аз гирифтани чунин лифофаҳо намояндаги дипломатии худро 23-юми декабр муваққатан бастааст. Аз 8-уми декабр ба ин су намояндагиҳои дипломатии Амрико дар 20 кишвар лифофаҳои дорои моддаҳои шубҳаовар гирифтаанд. Дар баъзе намояндагиҳо моддаҳои дарёфтӣ хатарзо будаанд. Масалан, рузи душанбе сафорати Амрико дар Сурия чунин бастаро гирифт ва барои расидагӣ пулисро даъват кард.