Дар шаҳри Грозний-пойтахти Чеченистон ҳудуди 1000 нафар бар зидди ҳукми додгоҳи шаҳрии Уляновски Руссия, ки сарҳанг Юрий Буданов-қотили духтари 18-солаи чеченро пеш аз муҳлат аз зиндон раҳо мекунад, даст ба тазоҳуроти эътирозӣ заданд. Буданов нахустин афсари рус буд, ки барои куштори як шаҳрванд дар Чеченистон ба зиндон андохта шуд. Вай соли 2003 барои куштори Ҳидо Кунғаеваи 18 сола 10 сол маҳкум ба зиндон шуд. Фаъолони ҳуқуқи башар ба парвандаи Буданов назорат мекарданд, ки чӣ тарз мақомоти Руссия ба нақзи ҳуқуқи башар дар Чеченистон бархурд мекунанд. Бо вуҷуди ин дар аввали ҳафтаи ҷорӣ додгоҳи Руссия тасмим гирифт, ки қотили ин духтар пеш аз адои муҳлати зиндон раҳо шавад.