Дархости лағви айбномаи рӯзноманигори ВВС

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон аз полиси Таиланд даъват кардааст, ки иттиҳоми хабарнигори шабакаи британиявии хабарӣ-ВВС, Ҷонатан Ҳедро лағв намояд. Ҳед бо тӯҳмати шоҳи Таиланд муттаҳам шуда, дар сурати исботи гуноҳаш метавонад 15 соли ояндаро дар зиндон сипарӣ кунад. Айбномаро як афсари полис матраҳ намудааст. Феълан мақомоти Таиланд дар мавриди пуштибонӣ ва ё лағви айбнома назари худро ошкор накардаанд. Ҳед дар як мақолааш пиромуни равобити эҳтимолии эътирозгарони зиддиҳукуматии Таиланд бо шоҳи ин кишвар ибрози назар кардааст.