Вазорати мудофиаи Британия мегӯяд, ки рӯзи чоршанбе аснои бархӯрд бо ошӯбгарон дар вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон як маллоҳи нерӯҳои баҳрии салтанатии Британия кушта шуд.
Тибқи гузориш ин низомӣ дар амалиёти ҳарбӣ дар канораҳои шаҳри Лашкаргоҳ ширкат дошт. Аз соли 2001-ум ба ин тараф, яъне аз замони оғози амалиёти низомии зери раҳбарии ИМА дар Афғонистон беш аз 130 низомии Британия дар ин кишвар ба қатл расидаанд.