Сафорати ИМА иддаои муфаттишони Русия дар бораи иштироки зархаридони амрикоӣ дар ҷанги Гурҷистонро рад кард.
Рӯзи сешанбе муфаттишони рус гуфтанд, ки моҳи август дар ҷанги Русияву Гурҷистон рӯи Осетияи Ҷанубӣ шаҳрвандони ИМА ҳамроҳ бо сарбозони гурҷӣ бар зидди нерӯҳои Русия қиём карда буданд.
Сафорати ИМА дар Маскав изҳороте пахш намуда, таъкид кардааст, ки дар бораи зархаридони амрикоӣ дар сафи нерӯҳои Гурҷистон иттилоъ надорад.