Бо ҳадафи баррасии мубориза бо ҷангҷӯёни курд ва таҳкими равобити миёни Ироқу Туркия сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ ба Туркия сафар кард. Дар Туркия Ал-Моликӣ бо президенти ин кишвар Абдуллоҳ Гул ва сарвазир Раҷаб Таййиб Эрдуғон мулоқот хоҳад кард. Раҳбари ироқӣ мегӯяд, ӯ тарафдори ташкили кумитаи муштараки мубориза бо ҷангҷӯёни курд аз гурӯҳи исёнгари Ҳизби коргарони Курдистон аст. Силоҳбадастони ин гурӯҳ аз пойгоҳҳояшон дар Ироқи шимолӣ болои Туркия ҳамла мекунанд.