Парлумони Ироқ аҳднома дар мавриди тамдиди ҳузури низомиёни чанд кишвар, аз ҷумла, Британия то охири моҳи июли соли ояндаро пазируфт. Қабл аз ин, раиси порлумони Ироқ Маҳмуд Ал-Машҳадонӣ ба истеъфо рафт. Ӯ гуфт, ки ин тасмимро “ба хотири манфиати мардум” гирифтааст. Дирӯз Маҳмуд Ал-Машҳадонӣ бар асари низоъ бо гурӯҳи вакилон овоздиҳӣ дар мавриди тамдиди ҳузури низомиёни хориҷӣ дар кишварро мавқуф гузошта буд.
Аз ин пеш Бағдод ва Вошингтон дар мавриди будубоши низомиёни амрикоӣ дар Ироқ то поёни соли 2011 ба тавофуқ расида буданд.