Хабаргузориҳо мегӯянд, муҳокимаи журналисти ироқӣ, Мунтазир Ал-Зайдӣ, ки кафшҳояшро ба сӯи президенти Амрико Ҷорҷ Буш патрофт, рӯзи 31-уми декабр оғоз меёбад. Зайдӣ ба таҷовуз алайҳи сарвари давлати хориҷӣ ҳангоми сафари расмии он айбдор мешавад ва мумкин аст, ба ҳасб маҳкум гардад. Зайдӣ дар нишасти хабарии рӯзи 14-уми декабр дар Бағдод пойафзори худро бадар карда, ба тарафи президенти Амрико ҳаво дод. Дар Ироқ ва ҷойҳои дигар тазоҳуроте сурат гирифт, ки дар онҳо озодии Зайдӣ талаб карда шуд.