Идораи умури дохилаи Суғд мегӯяд, як кӯдак дар кӯдакистони шаҳри Хуҷанд ба дасти мураббиаш кушта шудааст.
Диловар Ализода, сухангӯи ниҳоди мазкур гуфт, Иброҳим Мамадхӯҷаеви қариб дусола ахиран дар кӯдакистони рақами 33 – и Хуҷанд аз ҷониби мураббиаш – Ҳ. Қ. бо роҳи буғӣ намудан ба қатл расид. Ӯ афзуд, хулосаи ташхиси додгоҳиву тиббӣ бо марги ғайритабиӣ аз олам рафтани кӯдакро ошкор сохтааст. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли кунунӣ таҳқиқи ин қазиаро додситонии Хуҷанд пеш мебарад.
Вале вақте ки дар рӯзи ҷумъаи 19 – и декабр ҳамроҳи гурӯҳи хабарнигорон ба кӯдакистони мазкур, воқеъ дар маркази Хуҷанд, омадем, масъулини он аз суҳбат худдорӣ варзиданд. Шоира Ризоева, яке аз мураббиён дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, ки раҳбараш ҳузур надорад, вале додситонӣ ба онҳо таъкид кардааст, ки бидуни иҷозаи расмии ин мақомот бо хабарнигорон вориди гуфтугӯ нагарданд.
Дар назди даромадгоҳи манзили оилаи кӯдаки кушташуда дар канори Хуҷанд, дар назди як бинои панҷтабақа моро Иброҳим Мамадхӯҷаев, бобои падарии ӯ истиқбол кард. Вай нақл кард, ки шунидани хабари марги наберааш – Иброҳими дусола, фарзанди ягонаи хонадон, ки дар ҳамин ҳавлӣ ҳамроҳи кӯдакони дигар бозӣ мекард ва ба кӯдакистон мерафт, барои ҳама пайвандони ӯ ва ҳамсояҳо ногаҳонӣ ва бисёр вазнин буд: «Аз кӯдакистон хабар доданд, ки кӯдакатон аз зинопоя афтида, маъюб шуд, омада гиред. Рафтем, ки вай дар беморхона, аммо кораш тамом шудагӣ.»
И. Мамадхӯҷаев афзуд, ки аз даст додани фарзанди ягона арӯсаш – Робияро дар бистари бемориву ғам нишонда, тавони суҳбат бо хабарнигорон надорад. Пайвандон ба хотири доғтар накардани дили модар аксҳои фарзандашро аз чашми вай пинҳон кардаанд. Падари кӯдаки мақтул - Ҳалимхон дар замони боздиди мо аз манзилаш берун рафта буд ва падараш гуфт, вай нав аз мардикории Русия баргаштааст : «Даҳ моҳ дар Русия кор мекард ва ба омаданаш ҳам қариб даҳ рӯз шуда буд. Дидори фарзандаша ба серӣ надид…»
Пайвандони Иброҳими кушташуда мегӯянд, ки умедворанд, ҳақиқати марги ҷигарбандашон ва гунаҳкори онро мақомоти масъули дақиқ хоҳанд кард.
Манучеҳр Шоназаров, сармуфаттиши додситонии Хуҷанд дар суҳбати бидуни микрофон бо Радиои Озодӣ гуфт, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз карда, мураббӣ - Ҳ. Қ. бо иттиҳоми куштор мутобиқи банди Асноди ҷиноии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Вай афзуд, таҳқиқи парванда пеш меравад, вале ба далели пинҳон доштани сирри тафтишотӣ наметавонад аз ин беш ҷузъиёти ҳодисаро бозгӯ кунад.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар тайи солҳои ахир шароити будубоши кӯдакон дар кӯдакистонҳои Хуҷанд, ки теъдоди онҳо ангуштшумор аст, ба иллати маблағгузории кам ба ин соҳа, поин рафтани моҳонаи мураббиён ва ворид гаштани афроди бемаълумот дар миёни онҳо ногувор гашта, мавориди озору таҳқири кӯдакон низ ҷой доштааст, вале ҳодисаи даст задани як мураббӣ ба куштори кӯдаки дастпарвари худ барои маротибаи аввал рух медиҳад.