Сарнишинони киштии боркаши Чин дар халиҷи Адан ҳамлаи роҳзанҳои дарёриро бо шишаҳои оби ҷав шикаст доданд. Ҳангоме ки роҳзанҳо дар ду қоиқ ба киштии "Чженхуа" наздик шуданд, бо фармони нохудо ба роҳзанҳо аз обпошҳои муқтадир об пошида шуд ва сипас 400 шиша оби ҷав ба сари онҳо рехт. Бархе аз шишаҳоро холиӣ карда, дар онҳо бензин гирифтанд ва оташ зада ба қоиқи роҳзанҳо партофтанд. Задурхӯрди баҳрӣ чаҳор соат, то замоне идома кард, ки дар посух ба бонги хатари "Чженхуа" ҳавопаймоҳои Малайзия ба маҳалли ҳодиса расиданд ва роҳзанҳо рӯ ба фирор оварданд. Ҷанг бо роҳазанҳо дар ҳоле ба амал омад, ки Чин гуфтааст, се киштии ҳарбии худро ба халиҷи Адан хоҳад фиристод.