Хушунатҳои хиёбонӣ дар Юнон имрӯз низ идома доштанд. Наврасон бо шишаҳои оташдиҳанда ба Маркази фарҳангии Фаронса ҳамла карданд. Инчунин даҳҳо мошини дигар дар шаҳрҳои гуногуни Юнон ба оташ кашида шуд. Эътирозгарон акнун дар ҳайати гурӯҳҳои хурд ба нуқоти мухталиф ҳамла мекунанд. Беназмиҳо дар Юнон рӯзи 6-уми декабр замоне сар шуданд, ки як писарбачаи 15-сола аз тири корманди полис ба ҳалокат расид. Бузургтарин иттиҳодияи касбии Юнон тасмим дорад, имрӯз дар баробари порлумони кишвар даст ба тазоҳурот занад.