Ҳамоиши бархе аз сарони ИДМ дар Қазоқистон

Чанде аз сарони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар осоишгоҳи Боровойи шимоли Қазоқистон барои як ҳамоиши ғайрирасмӣ гирд омаданд. Президентҳои Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳамкории кишварҳои узвро дар давраи бӯҳрони иқтисоди ҷаҳон баррасӣ мекунанд. Имзои ягон санади расмӣ дар назар дошта нашудааст. Коршиноси мустақили сиёсӣ дар Остона, Азимбой Ғолӣ ба радиои Озодӣ гуфт, Ҷомеаи кивашрҳои муштаракулманофеъ бо сабаби коҳиши ҷойгоҳи Русия дар саҳнаи сиёсӣ аҳамияти худро бохтааст. Коршиноси дигари қазоқ Айдос Саримов гуфт, агар санаде ҳам дар ин нишаст ба имзо расад, аз тарафи ҳеҷ кишвар ба иҷро нахоҳад расид.