Имрӯз беш аз 10 000 нафар дар шаҳри Пешовар алайҳи иҷозаи истифодаи қаламрави Покистон барои таъмини нирӯҳои Амрико дар Афғонистон эътироз карданд. Тазоҳуроти Пешовар яке аз бузургтарин раҳпаймоиҳои эътирозӣ алайҳи давлати кунунии Покистон аз замони нишастанаш бар ҳарики қудрат дар моҳи март дониста шуда, аксари гирдиҳамомадагон тарафдорони гурӯҳи тундрави Ҷамоати исломӣ будаанд. Таъмини нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон асосан тавассути масире сурат мегирад, ки аз ағбаи Хайбари Покистон мегузарад, вале тайи ҳафтаҳои охир корвонҳои низомӣ дар ин ағба ба як силсила ҳамалоти ҷангиён рӯбарӯ шудаанд.