Мақомоти Исроил мегӯянд, бар асари садамаи як автобус дар осоишгоҳи Элиат ба камияш 20 сайёҳи рус кушта ва 28 тани дигар захмӣ шудаанд. Пизишкон мегӯянд, вазъи аксари захмишудагон бисёр бад аст. Намояндаи вазорати ҷаҳонгардии Исроил гуфт, ҳамаи 60 сарнишини автобус рус буда, дар аввалин рӯзи расидани худ ба Элиат бо сабаби бероҳа шудани автобус ба фалокат печидаанд.