Сарвазири Бритониё Гордон Браун дар ҷараёни дидораш дар Покистон, дар Исломобод гуфт, бар асоси таҳқиқи мақомоти бритониёӣ, 75 дарсади амалиёти ҷиддии террористӣ ба тундравоне рабт мегирад, ки дар Покистон паноҳ бурдаанд. Браун афзуд, як занҷири террор аз хоки Покистону Афғонистон бармехезад. Гордон Браун тайи чанд рӯзи гузашта аз Афғонистону Ҳинд ва инак аз Покистон дидан кард.