Дар ҷараёни як сафари бидуни эълони пешакӣ сарвазири Бритониё, Гордон Браун дар Афғонистон аз вазъи нерӯҳои бритониёӣ дидан ва бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот кард. Сафари ӯ соате пас аз ҳалокати чаҳор сарбози дигари бритониёӣ дар вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон ба вуқӯъ пайваст. Охирин бор Браун дар моҳи август ба Афғонистон сафар карда буд.