Боздошти 14 тан бо иттиҳоми робита бо Ал-Қоида

Мақомоти Белгия дар ҷараёни амалиётҳо дар шаҳрҳои Бруксел ва Леж 14 исломгароро бо иттиҳоми робита бо шабакаи Ал-Қоида боздошт кардаанд. Бовар меравад, ки яке аз онҳо нақшаи таҳияи ҳамлаи маргталабонаро дар сар доштааст. Додситони федеролии Белгия Йоҳан Делмулл аммо гуфтааст, пулис намедонист, ки ин ҳамла бояд дар куҷо сурат мегирифт.