Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, корхонаҳои тавлиди автомобили Амрико бояд нишон диҳанд, ки дар сурати дарёфти кумаки молӣ аз давлат метавонанд рақобатпазир бошанд. Ҷорҷ Буш аз телвизюни кишвараш гуфтааст, муҳим нест, ки ин ширкатҳо то чӣ андоза барои иқтисод муҳим мебошанд, вале иштибоҳ хоҳад буд, агар пул ба ҷои баде равад. Ширкатҳои мошинсозии Ҷенерал Моторз, Крислер ва Форд муштаракан дархост карда буданд, ки барои раҳоӣ аз буҳрон ба 34 милярд доллар ниёз доранд. Буш ин суханонро баъд аз суханронии раҳбарони ин ширкатҳо дар Конгреси Амрико баён дошт.