Кишварҳои узви паймони НАТО ба тавофуқ расидаанд, ки муносиботро бо Русия тадриҷан барқарор кунанд. Ин муносибот баъд аз ҷанги Русияву Гурҷистон дар моҳи август боздошта шуда буд. Яаап де Ҳуп Схеффер-Дабири кулли Паймони НАТО гуфт, чунин муносибот ба маънои он нахоҳад буд, ки НАТО нуқтаи назари худро дар мавриди истифодаи хориҷ аз меъёри нируҳои Русия дар Гурҷистон тағир медиҳад:
"Ин ҳамкориҳои тадриҷӣ бо Русия, албатта, ба маънои он нахоҳад буд, ки мо якбора бо истифодаи хориҷ аз меъёри нируҳои Руссия дар моҳи август дар Қафқоз ва бо шинохти Абхозистону Осетиёи Ҷанубӣ розӣ ҳастем".
Оқои Схеффер афзуд, мулоқотҳои кории Шурои НАТО-Русия ғайрирасмӣ аз сар гирифта мешавад.