Интишороти инглисии "Пингвин" тарҷумаи нави "Ҳазоу як шаб"-ро ба табъ расондааст. Тарҷумаи қиссаҳо дар се китоб гунҷонида шудааст. Ин қиссаву афсонаҳо ба кишварҳое чун Ирон, Ҳиндустон ва кишварҳои арабӣ ихтисос дорад. Пораҳое аз ин қиссаву афсонаҳо дар солҳои мухталиф дар Тоҷикистон низ ба хати кириллӣ баргардон шудааст ва дар миёни хонандагони тоҷик маъруф аст.