Додситонии Русия дар бораи қазияи Д.Атовуллоҳ

Додситонии кулли Русия дар посух ба дархости Бунёди дифоъ аз озодии баён ва Пен-Сентри Русия гуфтааст, дар ҳоли ҳозир, Додоҷони Атовуллоҳ, сардабири нашрияи “Чароғи рӯз” дар Русия таҳти таъқиб қарор надорад. Додситонӣ гуфтааст, ба вазорати умури дохилаи Русия дастур дода шудааст, дар қиболи Додоҷони Атовуллоҳ дар қаламрави Русия ҳеҷ амалиёти фаврии ҷустуҷӯӣ анҷом надиҳад. Мақомоти Тоҷикистон ахиран эълон карданд, ки алайҳи Додоҷони Атовуллоҳ парвандаи нави ҷиноӣ боз карда, боздошт ва истирдоди ӯ ба Душанберо аз мақомоти Русия тақозо кардаанд. Додоҷони Атовуллоҳ дар пай тарки қаламрави Русия кард ва феълан дар Аврупо ба сар мебарад.