18 зани узви як шабакаи бамбгузорони маргталаб худро ба нирӯҳои Амрико дар Ироқ таслим кардаанд. Нирӯҳои Амрико мегӯянд, ин гурӯҳи занон дар вилояти Диёла ҳамчун маргталабони оянда тамрин гирифтаанд. Бино ба гузоришҳо, ин гурӯҳ бо мусоидати волидайн ва рӯҳониёни маҳаллӣ тамринро қатъ ва худро таслим кардааст. Гурӯҳҳои террористӣ дар Ироқ барои иҷрои ҳамалоти интиҳорӣ бештар занонро истифода мебаранд, чунки маъмурони амниятӣ одатан занонро камтар кофтукоб мекунанд.