Мулоқоти Убайдуллоев бо Матвиенко дар Санкт-Петербург

Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев дирӯз бо губернатори Санкт-Петербург Валентина Матвиенко дидор ва гуфтугӯ дошт. Дар ҷараёни ин гуфтушунид зикр шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Санкт-Петербург дар ду соли охир густариши бештар пайдо кардаанд. Хонуми Матвиенко гуфт, Санкт-Петербург аз лиҳози ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар байни ҳамаи минтақаҳои Русмия ҷои аввалро гирифтааст. Ҷаноби Убайдуллоев изҳор дошт, ки Тоҷикистон мехоҳад, аз имкониятҳои илм ва маорифи Санкт-Петербург ба таври густарда истифода кунад, махсусан дар риштаи парвариши кордонҳои саноати барқи обӣ. Ду тараф тасмим гирифтанд, барномаи ҳамкориҳоро дар аввали соли оянда ба имзо расонанд.