Додситонҳо ба барканории раиси додгоҳи айбдоршавандагони қатли журналисти маъруфи рус Анна Политковская даъват карданд. Онҳо додгустар Евгений Зубовро ба тарафкашӣ айбдор намуданд. Нозирон мегӯянд, моҷаро аслан бар сари рушод ё пинҳон гузаштани муҳокима аст. Полтиковская, ки нақзи ҳуқуқи инсон дар Чеченистонро ба мавзӯъи асосии худ табдил дода буд, дар моҳи октябри соли 2006 дар долони бинои бисёршоёнае, ки зиндагӣ мекард, ба зарби тири туфангча ба ҳалокат расид.