Дар Тоҷикистон Маҳфили тиҷоратии Амрикову Тоҷикистон расман сабтином шуд. Раиси он, мудири ширкати амрикоии "Тетис" дар Тоҷикистон, Назир Шарифов гуфтааст, ниҳоди нав дар рушди бахши хусусӣ дар кишвар ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон нақши муҳим хоҳад дошт. Маҳфили тиҷоратии Амрикову Тоҷикистон бо талошҳои Бунёди Авруосиё барои Осиёи Марказӣ ва дар пайванд бо Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Маҳфили тиҷоратии Амрикову Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ин ниҳод дар оянда қарор аст ба узвияти Маҳфили тиҷоратии Иёлоти Муттаҳида шомил гардад, ки зиёда аз 3 миллион ширкатҳои пешрафтаро дар 91 кишвари ҷаҳон бо ҳам муттаҳид мекунад.