Мансабдорон мегӯянд, дар назди корвони мошинҳое, ки президентҳои Гурҷистону Полша ва ё Лаҳистонро интиқол медоданд, садои тир шунида шуд.
Сухангӯи Михеил Саакашвилӣ президенти Гурҷистон изҳор намуд, сарбозони Русия, ки дар посгоҳи минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ мустақар буданд, масъули тирпарронӣ мебошанд.
Хонум Нато Партсахаладзе ба хабаргузории Франс пресс афзуд, ки ҳодиса дар назди посгоҳи Ахалгорӣ ба вуқӯъ пайваст ва бар асари он касе ҷароҳат набардоштааст.
Як ходими дастгоҳи президенти Полша Лех Качинский гуфт, ки корвони раисҷумҳури ин кишвар мавриди оташ қарор гирифт.
Вале сухангӯи президенти Гурҷистон мегӯяд, то ҳол маълум нашудааст, ки оташ ба тарафи корвон кушода шуд ва ё тарафи дигаре?