Фармондеҳи аршади нирӯҳои дарёии Русия гуфт, ки ин кишвар барои муқобила бо роҳзанони баҳрӣ дар обҳои атрофи Сомалӣ киштиҳои бештар ирсол хоҳад кард. Баъди ин ки роҳзанҳо киштии украиниро моҳи сентябр ғасб карданд, Русия як киштии ҷангии худро ба самти Сомалӣ сафарбар кард. Адмирал Владимир Висотский гуфт, ки ирсоли киштиҳои ҷангии бештар ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои афзояндаи дарёӣ зарур мебошад. Русия дар моҳҳои охир дар фикри афзоиш додани ҳузури нирӯҳои баҳрии худ дар сартосари ҷаҳон мебошад.