Дар минтақаи Кашмири Ҳиндустон бар асари фурурезии пул 24 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса дар сад километрии ғарби шаҳри Сринагар, маркази Кашмир рух дод. Пул аз болои рудхонаи Ҷелум замоне фурӯ рехт, ки як мошин бо коргарон аз болои он убур мекард. Ба иттилоъи расмӣ, даҳ тан аз коргарон – аз Кашмир ва боқимонда муҳоҷирони корӣ аз Биҳора - фақиртарин аёлати Ҳиндустон буданд. Мақомот эълом доштанд, ки ба ҳар хонаводаи қурбониёни ҳодиса ба маблағи 200 ҳазор рупия, муодили чаҳору ним ҳазор доллар кумакпулӣ пардохт хоҳанд кард. Тафтиши сабабҳои фоҷиа шурӯъ шудааст.
Бунёди пул аз болои дараи жарф ва рудхонаи Ҷемул ду сол боз идома дошт ва ин пул бояд рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегирифт.