Исроил Ғазаро таҳдид ба амалиёти ҷадид кард

Исроил таҳдид кард, ки дар посух ба ҳамалоти мушакии фаластиниҳо дар навори Ғаза як амалиёти густардаи низомӣ ба роҳ хоҳад андохт. Вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак, ки дар шаҳри бандарии Нетания сӯҳбат мекард, ҳамлаҳои мушакӣ алайҳи шаҳрҳои наздимарзии Исроилро ғайри қобили таҳаммул номид ва ҳушдор дод, ки артиши Исроил барои иҷрои амалиёти густардае, ки барои фаластиниҳо пайомадҳои сахт хоҳад дошт, омода ҳаст. Исроил дар пайи бурузи хушунатҳо рӯзи 4 ноябр гузаргоҳҳои воқеъ дар марз бо навори Ғазаро баст.
Борикаи Ғаза таҳти назорати гурӯҳи Ҳамос қарор дорад. Хушунатҳои ахир оташбасеро, ки тайи 5 моҳи охир асосан муроот мешуд, поймол кардааст. Бӯҳрони ахир Ожонси кӯмакҳои башарии СММ-ро маҷбур кард, ироаи кӯмакҳои ғизоияш ба 750 000 паноҳанда дар навори Ғазаро қатъ кунад.