Карзай амнияти Мулло Умарро замонат медиҳад

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай имрӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт, агар раҳбари Толибон Мулло Умар хостори музокироти сулҳ бошад, ӯ амнияти варо замонат медиҳад. Карзай гуфт, агар раҳбари Толибон ба музокирот алоқа нишон диҳад, ӯ ҳамчун раҳбари Афғонистон ба хотири таъмини амнияти Мулло Умар тамоми талошро хоҳад кард. Карзай афзуд, ҷомиаи байналмилалӣ бояд инро бипазирад ва ё тарки Афғонистон кунад. Афзоиши муқовимати чирикиҳои толиб, ҳам мақомоти Афғонистон ва ҳам муттаҳидини онро ҳарчӣ бештар ба имкони музокирот бо раҳбарони мӯътадили он ҷунбиши тундрав моил мекунад.