Соиб Урайқот, раҳбари ҳайъати фаластиниҳо дар музокироти сулҳи Ховари Миёна гуфт, қарор аст, раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос рӯзи душанбе дар Байтулмуқаддас бо сарвазири феълии Исрол Эҳуд Олмерт мулоқот кунад. Урайқот гуфт, як мавзӯъи матрӯҳа дар ин дидор бурузи дигарбораи хушунатҳо дар навори Ғаза баъд аз поймол шудани қарордоди 5 моҳ пеш имзошудаи оташбас миёни гурӯҳи Ҳамос ва Исроил хоҳад буд. Мулоқотҳои мунтазами Аббос ва Олмерт бахше аз музокироти сулҳи Ховари Миёна аст, ки як сол ба ин сӯ таҳти пуштибонии Амрико идома дорад.