ИА ҳамла бо истифода аз маводи мунфаҷира дар ҳошияи дафтари фиристодаи ин созмон дар Косоворо маҳкум кард. Бар асари ин ҳамлаи шоми ҷумъа шишаи тирезаҳои дафтари фиристодаи ИА шикаста, чанд мошин тахриб шуд, вале бино ба хабарҳо, ин ҳамла хисороти ҷонӣ ба дунбол надоштааст. Фаронса, ки раёсати давраии ИА-ро бар ӯҳда дорад, гуфт, ин созмон ҳамлаи рӯзи ҷумъаро сароҳатан маҳкум мекунад ва ба ҳадафаш ҷиҳати истиқрори ҳукми қонун дар Косово пойбанд буда, ба фаъолияташ дар ин роҳ ҳамроҳ бо ҳайъати додгоҳӣ ва пулиси ИА дар Косово идома хоҳад дод.