Дмитрий Медведев - раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, умедвор аст, бо раиси ҷумҳури тозаинтихоби Амрико Барак Обама муносиботи мӯътадил хоҳад дошт. Дмитрий Медведев дар остонаи сафар ба Фаронса дар гуфтӯгу бо хабарнигорони фаронсавӣ чунин ибрози умедворӣ кардааст. Вай ҳамчунин гуфтааст, агар раиси ҷумҳур Обама аз барномаи истиқрори мушакҳои амрикоӣ дар Лаҳистон даст кашад, Русия ҳам мушакҳояшро дар вилояти Калинингард воқеъ дар марзи Лаҳистон нахоҳад гузошт. Пештар аз ин баёнияи раиси ҷумҳур Медведев, мақомоти Русия гуфтанд, ки ин кишвар пешниҳодоти Амрико барои рафъи нигарониҳои Русия аз истиқрори мушаку радарҳояш дар Лаҳистону Ҷумҳурии Чехро рад кардааст. Амрико мегӯяд, ин мушаку радарҳо ба хотири рафъи ҳамлаҳои эҳтимолии мушакӣ аз кишварҳои саркаш ба мисли Эрон аст, аммо Русия онро хатаре ба амнияти миллии худ медонад.