Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои ҷаҳон дар мавриди баробарии марду зан дар байни 130 давлат мақоми 89-умро соҳиб шуд, ки дар Осиёи марказӣ ва дар миёни кишварҳои шӯравии собиқ ҷои охирин аст. Чунончи, Беларус ҷои 33-юм, Қирғизистон 41-ум, Русия 42, Қазоқистон 45 ва Узбакистон ҷои 55-умро гирифтаанд. Ин раддабандӣ аз тарафи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ бо назардошти таносубҳои ҳуқуқ ва ширкати занону мардон дар чаҳор бахш -- иқтисодиёт, маъориф, сиёсат ва беҳдошт шумурда шудааст.