Бар асари таркиши мошини ҳомили маводи мунфаҷира дар шаҳри Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон дасти кам шаш нафар кушта ва беш аз 40 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи расмӣ, маргталаб мошинеро дар маркази шаҳр, дар канори бинои хадамоти кашфи маҳаллӣ ва Шӯрои ҳукуматии вилоят мунфаҷир кард. Ба Аҳмад Валӣ Карзай, бародари раисиҷумҳури Афғонистон, ки раёсати Шӯрои ҳукумати Қандаҳорро бар дӯш дорад, осеб нарасидааст.
Дар Қандаҳор ҳамчунин ба гурӯҳи духтарони мантабхон ҳамла сурат гирифт. Гурӯҳи мардҳо сӯи мактабиён ишқор ё асид пошиданд. 15 духтари мактабхон захм бардоштанд ва вазъи се нафари онҳо сангин арзёбӣ мешавад. Ҳанӯз маълум нест, ки ин ҳамла аз сӯи кадом гурӯҳ тарҳрезӣ шудааст. Замони қудрати "Толибон" таҳсили духтарон дар мактаб мамнӯъ буд.
Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон дар ин ду ҳодиса толибонро муттаҳам кард.