Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев тарҳи қонунеро, ки давраи раёсати он ҷумҳуриро аз 4 соли феълӣ то ба 6 сол тамдид мекунад, ба парлумон ироа кард. Медведев ҳамчунин тарҳи пешниҳодӣ дар мавриди аз 4 ба 5 сол тамдид кардани замони фаъолияти Думаи давлатиро низ ба он ниҳод ироа кардааст. Дмитрий Медведев дар нахустин паёми солонааш, ки ҳафтаи гузашта ироа кард, хостори тамдиди замони фаъолияти ҳам раёсати ҷумҳурӣ ва ҳам парлумон шуд. Мақомоти Русия мегӯянд, пешниҳод ба давраи кунунии раёсати худи Медведев, ки соли 2012 ба поён мерасад, тааллуқ намегирад.