Пайвандони дигарандеши зиндонии узбак Юсуф Ҷумъа мегӯянд, ки ӯ дар маҳбас таҳти шиканҷа қарор гирифта, ба табобат ниёз дорад. Фирӯза, духтари Юсуф Ҷумъа, баъд аз аёдати падараш дар маҳбаси Ҷаслик дар Қароқалпоқистон гуфт, ки ӯ бар асари бадрафторӣ ва шиканҷа захмҳои зиёде бардошта, ба душворӣ ҳаракат мекард. Ҳамсари ӯ гуфт, ки Юсуф Ҷумъа вазнашро низ хеле аз даст додааст. Юсуф Ҷумъаи 50-сола дар пайи таҳияи тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи интихоби дигарбораи Ислом Каримов ба курсии раёсати ҷумҳурии Узбакистон дар моҳи декабри соли 2007 ҳамроҳ бо як фарзандаш боздошт шуд. Додгоҳ дар моҳи апрел ӯро бо ҷурми ташкили тазоҳуроти ғайриқонунӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Фарзанди ӯ Машраб ба 3 соли зиндон маҳкум шудааст.