Омодагии Иттиҳодияи Аврупо ба нишасти Вашингтон

Николя Саркозӣ - раиси ҷумҳури Фаронса мегӯяд, раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо тавофуқ карданд, ки дар нишасти байналмилалӣ доир ба бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар шаҳри Вашингтон “бо мавқеъи мушаххасшудаи ҳамсон” ҳозир мешаванд. Раҳбарони 27 кишвари узви иттиҳодия дар шаҳри Брюссел зимни як нишаст, масъалаи омодагӣ ба ҳамоиши Вашингтонро баррасӣ карданд, ки рӯзи 15 ноябр баргузор мегардад. Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш, ин ҳамоишро мизбонӣ хоҳад кард, ки дар он сарони 20 кишвари сарватмандтарин ва дорои иқтисодҳои бузурги дар ҳоли рушди дунё ҷамъ меоянд.