Вазири хориҷаи ИМА Кандализа Райс барои нахустин бор гуфт, ки Исроилу Фаластин нахоҳанд тавонист то анҷоми мӯҳлати раёсатҷумҳурии Ҷорҷ Буш, ки моҳи январи соли 2009 ба анҷом мерасад, ба созишномаи сулҳ даст ёбанд. Райс имрӯз дар чаҳорчӯби як сафари чаҳоррӯзааш ба Ховари Миёна вориди Исроил шуд. Ин 19-умин боздиди вай аз Исроил дар ду соли охир мебошад. Вай дар идомаи сафараш инчунин аз манотиқи Фаластинӣ дидан карда, баъдан ба Урдуну Миср меравад, то ки рӯзи шанбе дар нишасти чоргонаи Ховари Миёна иштирок кунад. Чоргонаи Ховари Миёнаро СММ, Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва Русия ташкил медиҳанд.