Ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон мегӯянд, ҳангоми шикори мусаллаҳони Толибон онҳо як лабораторияи тавлиди ҳероинро кашф ва зиёда аз 40 тонна афюнро дар ин ҷо нобуд карданд. Дар изҳорот гуфта мешавад, нерӯҳои муштарак ин тавлидгоҳи маводи мухаддирро дар ноҳияи Спибулдаки вилояти Қандаҳор, ки бо Покистон ҳаммарз аст, кашф кардаанд. Афғонистон бузургтарин тавлидкунандаи афюн дар ҷаҳон шумурда мешавад. Афюн маводи хоми ҳероин мебошад.