Мирзомуддин Ҳалимов-сокини 36 солаи деҳаи Сари Шухони ноҳияи Рашт дар ҷанги тан ба тан бо хирс ғолиб омадааст. Хабарнигори радиои Озодӣ аз водии Рашт иттилоъ медиҳад, ки ду рузи пеш дар боғи назди деҳа ҳангоми ҷамъоварии ҳезум хирсе ба вай ҳамла мекунад ва аз пояш мегирад. Мирзомуддин, ки дар даст дастпуш доштааст, бо тамоми ниру даҳони хирсро боз ва пояшро раҳо мекунад ва дасташро то ба гулуи хирс мебарад, то роҳи нафаси хирсро бибандад. Хирс беҳол мешавад ва аз пой меафтад. Сипас аз бими дубора дучор нашудан ба ғазаби хирси бадқаҳр Мирзомуддин бо каланди боғбон ба сари хирс мезанад ва онро мекушад. Сокинони деҳ мегуянд, онҳо ин хирсро борҳо дар боғи назди деҳа дидаанд. Мавориди ҳамлаи хирс ва даррандаҳои дигар ба ҳайвоноти хонагии сокинон дар ин маҳал мушоҳида шудааст.