Русия мегӯяд, тайи танҳо як ҳафтаи гузашта ба хотири дифоъ аз қурби пули миллиаш – рубл – 31 миллиард доллар аз захираи асъори худро масраф кардааст. Бонки марказии Русия гуфт, захираи асъори кишвар ба дунбол 6 фоиз коҳиш ёфта, 484,7 миллиард доллар шудааст. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 24 октябр захираи арзи Русия 515,7 миллиард долларро ташкил медод. Баъд аз Ҷопону Чин, Русия бо шарофати нархи ҳангуфти нафт тавонист тайи солҳои охир севвумин захираи бузурги асъори хориҷиро ҷамъ биоварад. Аммо тайи 5 ҳафтаи охир Маскав беш аз 90 миллиард доллари захираашро аз даст дод.