Иззатуло Сатторов,иҷрокунандаи вазифаи сардори оҷонси мазкур дар Суғд, бо ёдоварӣ аз як мавриди аъмоли ғайриқонунии Абдуҷалил Абдуҷабборов, масъули пешини корхонаи «Тоҷикгаз» дар Суғд, гуфт, ки беш аз 1 миллион доллар маблағи аз фурӯши гази табиӣ ҷамъомада аз ҷониби вай ба хазинаи давлат пардохт нашудааст.
Оҷонси назорати молӣ ва мубориза алайҳи фасод дар вилояти Суғд аз додгоҳи шаҳри Хуҷанд тақозо кардааст маблағи ҷамъомада аз фурӯши газро, ки аз ҷониби Абдуҷалил Абдуҷаборов – сардори пешини корхонаи «Шоҳқубурҳои гази Суғд», як ниҳоди зертобеъи корхонаи «Тоҷикгаз» дар ин минтақа дар моҳҳои апрел-майи соли 2006 ба хазинаи давлат пардохт нашудааст, ба маблағи беш аз чаҳор миллион сомонӣ аз ӯ рӯёнида шавад.
Иззатулло Сатторов, иҷрокунандаи вазифаи сардори оҷонси мазкур дар вилояти Суғд, ин ниҳод бо аризаи даъвоӣ алайҳи Абдуҷабборов ба додгоҳи Хуҷанд муроҷиат карда ва он мавриди баррасӣ қарор дорад. Ба гуфтаи И. Сатторов, оҷонси мазкур бар пояи санҷиши худ ошкор сохтааст, ки масъули собиқи як ниҳоди «Тоҷикгаз» дар вилояти Суғд ин зарари моли ҳангуфтро бо муносибати саҳлангорона ба иҷрои вазифааш, тақсим ва фурӯши ғайриқонунии газ ба корхонаи худ ворид кардааст.
Ва ин дар ҳолест, ки масъулини корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» ҳар навбат иллати қатъи нобаҳангоми интиқоли газ аз ҷониби Узбакистонро ба пурра ҷамъоварӣ нашудани маблағи гази истифодаи сокинон, аз ин рӯ саривақт пардохт нашудани ҳаққи газ ба ҷониби содиркунанда бастагӣ медиҳад .
Вале коршинос Алии Муҳаммадӣ сабаби аслии сари вақт ҷамъ наомадани маблағи газро ба вуҷуди ришваю фасод дар миёни масъулини «Тоҷикгаз» ва аз худ шудани қисме аз маблағи ҷамъовардаи газ аз сӯи онҳо бастагӣ медиҳад. Вай афзуд, ин гиреҳи аъмоли ғайриқонунии сардори собиқи корхонаи «Шаҳқубурҳои гази Суғд» дар миёни мақомоти болоии ин ниҳод , яъне корхонаи давлатии «Тоҷикгаз» кушода гардад, зеро ба гумони ғолиб, як худи А. Абдуҷабборов ба танҳоӣ ба чунин амал даст назадааст: «Аммо муҳим ин аст: кӣ маблағи зарарро ҷуброн хоҳад кард ?»
Ин барои маротибаи аввал аст, ки як масъули баландпояи идораи «Тоҷикгаз» дар вилояти Суғд дар пайи муомилоти берун аз доираи қонун дар тақсим ва фурӯши газ ба додгоҳ кашида шудааст ва аз вай талаб мешавад маблағҳои ҳангуфтеро, ки аз фурӯши газ ҷамъ овардааст, ба хазинаи давлат баргардонад.